Пенс охирин умеди Трампро ноумед кард
Муовини раисиҷумҳури Амрико дархости Доналд Трамп барои радди таъйиди орои ҳайатҳои интихоботиро напазируфт.
Ба гузориши ИРНА, Майк Пенс, муовини раисиҷумҳури Амрико чаҳоршанбешаб дар баёнияе эълом кард, ки қудрати радди ҳайатҳои интихоботи(Electoral)-ро надорад.
Дар сӯрати таъйиди орои ҳайатҳои интихобот, Ҷо Байден номзади демократҳо раисиҷумҳури расмии Амрико хоҳад шуд.
Набуди ҳимояти Пенс аз Трамп дар ҳоле аст, ки раисиҷумҳури Амрико дар суханронии худ соате пеш аз шурӯи ҷаласаи Конгресс гуфта буд: «Пенс бояд ҳамакнӯн ба кумаки мо биёед ва агар аз мо ҳимоят накунад бояд гуфт, ки рӯзи ғамангезе хоҳем дошт.»
Пас аз чанд соат ошӯбу даргирӣ, рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ ба раёсати Майк Пенс ва бо ҳузури нерӯҳои полис ва амниятӣ ҷаласаи Сенат дубора оғоз шуд.
Пенс бо маҳкӯм кардани хушунати тарафдорони Трамп дар Конгресси Амрико таъкид кард, касоне ки муртакиби ин иқдомот шудаанд, таҳти пайгарди қонӯнӣ қарор мегиранд.
Баъд аз вурӯди ҳомиёни Трамп ва муътаризон ба натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ба бинои Конгресс дар Вашингтон, нерӯҳои амниятӣ ба як зан шиллик карда ва ӯро куштанд.
Пулиси шаҳри Вашингтон низ эълом кард, ки дар хушунати тарафдорони Доналд Трамп дар атрофи Конгресс дастикам чаҳор нафар кушта шуданд.
Сандӯқҳои овоздиҳии маҷмаи интихобкунандагони Амрико(Electoral College ) низ ба макони амн ва эълом нашудае дар Сенат мунтақил шуда то шумориши оро азсар гирифта шавад.