Тарҳи намояндаи амрикоӣ барои ихроҷи ҳомиёни Трамп
(last modified Thu, 07 Jan 2021 14:19:56 GMT )
Январ 07, 2021 19:19 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи намояндаи амрикоӣ барои ихроҷи ҳомиёни Трамп
    Тарҳи намояндаи амрикоӣ барои ихроҷи ҳомиёни Трамп

Намояндаи маҷлиси Амрико, аз ироаи тарҳе барои ихроҷи намояндаҳое, ки бар хилофи қонун аз раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳимоят кардаанд, хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Палатаи намояндагони Амрико Кори Буш дар паёме дар Твиттер дар посух ба рӯйдодҳои ахири Вашингтон ва ошӯбҳо дар бинои Конгресс навиштааст: Аъзои ҷумҳурихоҳи Конгресс, ки  бо талоши худ барои ибтилоли интихоботи ин ҳамлаи террористии дохилиро таҳрик кардаанд бояд бо авоқибе рӯ ба рӯи шаванд.

Кори Буш таъкид кард, онҳо савганди худро шикастаанд.

Ин узви маҷлиси намояндагони Амрико ҳамчунин навишт: тарҳе барои ихроҷи онҳо ( намояндаҳое, ки бархилофи қонун аз Трамп ҳимоят кардаанд ) ироа медиҳад.

Нишасти муштараки конгресси Амрико, ки рӯзи чаҳоршанбе барои шумориши раъйҳои гузинишгарон ва таъйиди пирӯзии байден баргузор шуд, пас аз 12 раъйи гузинишгарони ҳомии Трамп, ба далели ҳамлаи ҳомиёни Трамп барои ҳудуди 6 соат ба ҳолати таълиқ даромад.

Конгресс пас аз хурӯҷи шӯришён, ки бо ҳузури нерӯҳои горди миллии Амрико ва полиси федероли "Эф Би Эй" ба ҳолати оддӣ баргашт ва нишасти худро аз саргирифт.

Эътирози намояндагони ҳомии Трамп, ба раъйҳои бархе иёлатҳо дар ҷаласаи конгресс низ пазируфта нашуд. 

Ба ин тартиб, талоши Доналд Трамп барои тағйири натиҷаи интихоботи шикаст хурд. 

Ҷаласаи чаҳоршанбешаби конгресси Амрико, барои таъйиди "Раъйҳои электрол " интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо ҳамлаи ҳомиёни Трамп ба сохтмони конгресс нотамом монд.

Бо ташдиди даргириҳо атрофи сохтмони конгресси Амрико, нерӯҳои полис ва амниятӣ вориди амал шуданд.

Дар даргириҳои сохтмони конгресси Амрико, токунун дастикам чаҳор нафар кушта шуданд.

 

Бештар бихонед: