Сафҳаҳои Трамп дар фазои маҷозӣ масдуд ме‌монад
(last modified Fri, 08 Jan 2021 17:18:54 GMT )
Январ 08, 2021 22:18 Asia/Dushanbe
  • Масдуд мондани сафҳаҳои Трамп дар фазои маҷозӣ
    Масдуд мондани сафҳаҳои Трамп дар фазои маҷозӣ

Рӯзи гузашта, пас аз ҳамлаи тарафдорони Трамп ба Конгресс, сафҳаҳои Трамп дар фазои маҷозӣ масдуд шуд ва ҳоло хабар расидааст, ки ҳисоби корбарии раиси ҷумҳурии Амрико дар шабакаҳои иҷтимоӣ феълан баста ме‌монад.

Тибқи ахбори ҷадиде, ки дар бархе расонаҳо мунташир шуда, ҳисобҳои корбарии Доналд Трамп ҳаддиақал то ду ҳафтаи дигар масдуд боқӣ хоҳад монд.

Марк Сукерберг, молики Фейсбук эълом кард, сафҳаҳои Инстаграм ва Фейсбуки Трамп ҳаддиақал то рӯзи 20 январи 2021 ва маросими савгандёди Байден бояд масдуд бимонад.

Зоҳиран ин тасмим аз тарси эҷоди ҳошияву ҷанҷоли ҷадид аз сӯйи Трамп гирифта шудааст ва ба ҳамин далел раиси ҷумҳурии феълии Амрико то канор рафтан аз қудрат наметавонад дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Твиттер ҳам дар гузашта Трампро таҳдид карда буд, ки пас аз канор рафтан аз раёсати ҷумҳурӣ, дар сурате, ки ба интишори твитҳои аҷибу ҳошиясози худ идома диҳад, эҳтимолан аккаунти ӯро ҳазф хоҳад кард.

 

Бештар бихонед: