Трамп : Дар маросими савганди Байден ширкат намекунам
(last modified Sat, 09 Jan 2021 05:52:35 GMT )
Январ 09, 2021 10:52 Asia/Dushanbe
  • Трамп : интиқоли қудрат дар Амрико оғоз шуда аст
    Трамп : интиқоли қудрат дар Амрико оғоз шуда аст

Раиси ҷумҳурии Амрико эълом кард, ки дар маросими интиқоли қудрати сулҳомез ба Ҷо Байден ва савганди раиси ҷумҳӯрии мунтахаб ҳузур нахоҳад ёфт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи СNN , Доналд Трамп дар паёми тветтирӣ навишт : Хитоб ба тамоми афроде, ки дархост кардаанд; Ман 20 январ дар маросими савганд ҳузур нахоҳам дошт.

 Ин изҳорот бо вокуниши Байден рӯбарӯ шуда ва вай гуфта аст, ки тасмими Трамп барои ширкат накардан дар маросими савганди раёсати ҷумҳӯрӣ руйдоди мубораке аст.

 Шаби гузашта Трамп барои аввалин бор пазируфт, ки дар баробари Ҷо Байден дар интихоботи 2020-и раёсати ҷумҳӯрӣ шикаст хурда аст ва иқрор кард, ки интиқоли қудрат акнун дар ҷараён аст.

Раиси ҷумҳурии Амрико дар баёнияе бо такрори иддаои тақаллуб дар интихобот гуфт : Ҳатто бо вуҷуде, ки мухолифи натиҷаи ин интихобот ҳастаму воқеъият дурустии ҳарфҳои манро собит мекунад , бо ин ҳол дар пайравии қонун рӯзи 20 январ қудратро вогузор мекунам.

 Трамп афзуд : Ҳамвора гуфтаам, ки ба мубориза идома медиҳем, то мутмаин шавем, ки танҳо орои  қонунӣ шумориш шуда аст.

Ҷо Байден бархилофи талоши Трампу тарафдоронаш бо касби 306 раъйи электрал коллеҷ бо таъйиди конгресс , ба таври расмӣ ба унвони чиҳилу шашумин раиси ҷумҳурии Амрико эълом шуда аст.

 Бештар бихонед:

  • Сафҳаҳои Трамп дар фазои маҷозӣ баста ме‌монад
  • Балое,ки Трамп бар сари Амрико овард+клипҳо
  •  Трамп саранҷом бо интиқоли қудрат ба Байден мувофиқат кард