Октябр 16, 2016 12:07 Asia/Dushanbe
  • Эъломи замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон

Порлумони Туркманистон, замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро рӯзи 12 феврал таъин кард.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Садои ва симо, ин тасмим дар ҳоле иттихоз мешавад, ки як моҳ пеш Қонуни асосии Туркманистон дастхуши тағийроте шуд, ки бар асоси он, ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов раисиҷумҳури ин кишвар ихтиёрот ва қудрати бештаре дода мешавад.

Бар асоси ин тағйирот, давраи раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон, аз 5 сол ба 7 сол афзоиш ёфт ва маҳдудияти синнии 70 сол, барои номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ низ ҳазф шуд.

Бердимуҳаммадови 59 сола, аз соли 2006 дар пайи даргузашти Сафармурод Ниёзов-раисиҷумҳури пешини ин кишвар, ба қудрат расид ва дар соли 2012 ҳам бо касби 97 дарсади оро, дар мақоми раёсатҷумҳурӣ ибқо шуд.