Январ 11, 2021 14:37 Asia/Dushanbe
  • Хӯрокии муфиде, ки ашкамонро меоварад
    Хӯрокии муфиде, ки ашкамонро меоварад

Пиёз ба оилаи сабзавот бо табъи гарм ва хушк тааллуқ дорад ва тавсия дода мешавад, ки пиёзҳои хурд бихӯранд, зеро нитраташон камтар аст ва ба пиёзҳои органикӣ наздиканд.

Доктор Муҳаммадбоқири Миноӣ, мутахассиси тибби суннатӣ дар гуфтугӯ бо Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон бо ишора ба фавоиди пиёзи органикӣ гуфт: Масрафи пиёзи органикӣ ба унвони пиёзе, ки дар ҳангоми кишт ҳеч гуна маводи шимиёӣ ба он надодаанд бисёр барои бадан муфид аст, зеро он пур аз витаминҳо ва минералҳои барои организм зарур аст, масалан, фториди пиёз метавонад хастагии рӯдаҳоро ҳангоми ҳазми вазнини баъзе хӯрокҳо коҳиш диҳад. 


 
Доктор Миноӣ изҳор дошт: Хӯрдани пиёз бо сабаби доштани витамини С барои кӯмак ба меъда, исҳоловарӣ, пешгирии рехтани мӯй, кибрит барои ташаккули нохунҳо, паст кардани стресс ва хоби ором, афзоиши иштиҳо дар кӯдакон, заифӣ дар Дар пиронсолон коҳиш додани бемории маъмули камхунӣ ва аз ҳисоби фосфори он барои баланд бардоштани хотираи кӯтоҳмуддат бисёр тавсия шудааст.

Оҳани мавҷуд дар пиёз дар хунсозӣ дахолат дораду камхуниро ҷуброн мекунад ва витамини C-и он метавонад маҳоркунандаи авомили эҷодкунандаи саратон ба хусус саратони шоеъи рӯда бошад.

Ин мутахассиси тибби суннатӣ унвон кард: Илова бар масорифи хӯрокӣ аз таркиби пиёзу зайтун дар сӯхтагиҳо барои ҷилавгирӣ аз товал ва тармими сариъи захм метавонед истифода кунед, ҳамчунин барои нест кардани шабушҳои сар бо оби пиёзи мӯҳоятонро бишӯед ё бо молидани он ба окнаҳои оризшудаи рӯи баданатон онҳоро дар тайи муддате камранг кунед.

Тавсия мешавад биринҷро ба далели ин, ки мумкин аст камбуди бархе витаминҳои A , B ва ғр . ..ро дошта бошад бо пиёз дуруст кунед то ҳамаи камбудҳои эҳтимолӣ дар биринҷ ҷуброн шавад.

Матолиби бештар аз донистаниҳои илмиро инҷо бихонед.

Барчасп