Январ 11, 2021 16:33 Asia/Dushanbe
  • Вазири хонавода ва кори Австрия  иттиҳоми сирқати илмӣ алайҳи хешро рад кардааст
    Вазири хонавода ва кори Австрия иттиҳоми сирқати илмӣ алайҳи хешро рад кардааст

Вазири кори Австрия пас аз он ки мухолифоонаш ӯро ба сирқат дар корҳои илмиаш муттаҳам карданд, аз вазифаи худ истеъфо дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , гуфта мешавад Кристияна Ашбахер Christine Aschbacher сиёсатмадори ҳизби ҳокими мардуми Австрия ( ÖVP ) ва вазири хонавода ва кори ин кишвар қисматҳое аз корҳои илмии худро копӣ кардааст.

Ашбахери 37 сола ҳарчанд ин иддаоҳоро рад кардааст, аммо бо ин ҳол истеъфои худро тақдими садри аъзами  Австрия кардааст то ба гуфтаи худаш хонаводаашро аз душманӣ ва озор бештар муҳофизати кунад.

Вазири хонавода ва кори Австрия муттаҳам аст, ки матолиби поённомаи коршиносии аршади худро бидуни зикри манобеи мавриди истифода қарор додааст.

Ашбахер иддаои Стефан Вебер, як коршиноси илмӣ оид ба асардуздиро шадидан рад мекунад ва иттиҳомотро ба тарафдории расонаҳо ва рақибони сиёсии ӯ марбут медонад.

Сиёсатмадори Австрия поённомаи коршиносии аршади худро моҳи майи соли гузашта ба Донишгоҳи техникии Братиславаи Словакия пешниҳод карда буд.

Бештар бихонед:

Барчасп