Июн 08, 2024 11:42 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Словакия мухолифат бо кумак ба Украинаро далели суиқасд ба худ унвон кард

Нахуствазири Словакия далели суиқасд ба ҷони худро мухолифатҳояш бо ҷараёни фикрии Иттиҳодияи Аврупо ва кумакҳои бардавом ба Украина донист.

 Ба гузориши шабакаи хабарии NBC , Роберт Фитсо-нахуствазири Словакия дар нахустин суханронии худ пас аз суиқасд дар фазои маҷозӣ гуфт: Дидгоҳҳояш дар мавриди ҷанги Русия ва Украина ва дигар мавзӯъоте, ки ба шиддат бо ҷараёни аслии Аврупо тафовут дорад, вайро қурбонӣ кардааст.

 Нахуствазири Словакия, ки поизи гузашта пас аз муборизоти интихоботии зиддиамрикои ба қудрат расид, пас аз бархурди гулӯла ба шикамаш дар рӯзи 15 моҳ май эълом карда, ки то наздик ба як моҳи дигар ба кор бозгардад.

 Фитсо пас аз адои савганд дар таърихи 25 октябр, ба кумакҳои низомии кишвараш ба Украина поён дод ва аз ҷумлаи мухолифони таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия ва пайвастани Украина ба НАТО аст.

 Нахуствазири Словакия дар бахши дигар аз ин суханронӣ, кишварҳои ғарбиро гунаҳкори вазъияти кунунӣ донист ва афзуд: Золимона аст, аммо ҳаққи доштани назар мутафовит дар Иттиҳодияи Аврупо аз байн рафтааст.

 Бо тӯлонӣ шудани ҷанг миёни Русия ва Украина ва афзоиши ҳазинаҳои он, нигарониҳо дар бораи густариши ҷанг ба хориҷ аз марзҳои Украина ба вуҷуд омад ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ба сафи мухолифони ҳимоят аз Украина пайвастанд вале ҳамчунон ин ҷанги хунбор ва пурҳазина бо ҳимоятҳои Амрико аз Украина идома дорад.

 

Барчасп