Миллиардери ҳомии Трамп ва душмани сарсахти Эрон мурд
Сармоядори маъруфи яҳудӣ ва аз муҳимтарин дустону ҳомиёни раиси ҷумҳурии Амрико аз дунё рафт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , ширкати гардишгарии Сндз Las Vegas Sands-и Амрико дар баёнияе таъйид кард Шелдон Адельсон соҳиби ин ширкат ва сармоядори маъруфи яҳудӣ, ки аз муҳимтарин дустону ҳомиёни Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии Амрико ва Натаняҳу -нахуствазири режими Исроил буд, дар сини 87 солагӣ даргузашт .
Шелдон Адельсон то соли 1996 ҳомии молии Ҳизби демократ буд, аммо аз он сол ба яке аз тарафдорону кумаккунандагони молии Ҳизби ҷумҳурихоҳ табдил шуд.
Ин сармоядори маъруфи яҳудӣ мавозеъи ҳамсӯ бо режими саҳюнистӣ ва ба шиддат зиддиэронӣ дошт; ба тавре ки хостори бомбаборони атомии Эрон шуда буд.
бештар бихонед:
- Миллиардери яҳудӣ Трампро ҳамин тавр харидааст
- Изи пои се миллиардери зидди эронӣ дар хурӯҷи Трамп аз БАРҶОМ