Шиллики сомонаи падофандии Натанз озмоишӣ буд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i77760-Шиллики_сомонаи_падофандии_Натанз_озмоишӣ_буд
Сухангӯи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард: Шиллики сомонаи падофандии Натанз озмоишӣ буд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 05, 2021 11:10 Asia/Dushanbe
  • Шиллики сомонаи падофандии Натанз озмоишӣ буд

Сухангӯи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард: Шиллики сомонаи падофандии Натанз озмоишӣ буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон пресс, Шоҳини Тақихонӣ-сухангӯи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Шиллики сомонаи мушакии минтақаи Натанз озмоишӣ буд ва барои арзёбии сомонаҳои мустақар дар минтақа сурат гирифт.

Сухангӯи артиш афзуд : Соъати пеш барои арзёбии омодагии майдон яке аз сомонаҳои мушакии минтақаи Натанз озмоиш шуд.
Ба гуфта сухангӯи артиш : Ин озмоиш барои арзёбии сомонаҳои мустақар дар минтақа сурат гирифт ва ин гуна тамринот дар фазои комилан амн ва бо ҳамоҳангии комили шабакаи якпорчаи падофандӣ сурат мегирад .
Амири Тақихонӣ хотирнишон кард : Ҷои ҳеҷ гуна нигаронӣ вуҷуд надорад.

Як манбаи огоҳи маҳаллӣ бо баёни инфиҷор ( шанбе ) дар минтақаи биёбонии шаҳристони Натанз иртиботе бо таъсисоти ҳастаӣ надорад, гуфт : Ин инфиҷор ҳеҷ гуна осеб ва ё талафоте надоштааст.
Ин манбаи огоҳи маҳаллӣ афзуд : Ин инфиҷори соъати 20:15 дақиқаи дирӯз дар осмони шаҳристони Натанз дар минтақаи биёбонӣ рӯй дод ва рабте ба таъсисоти ҳастаии Натанз надорад .