Ҳимояти 44 дарсади амрикоиҳо аз истизоҳ ва барканории Трамп
Натоиҷи навтарин назарсанҷӣ нишон медиҳад , 44 дарсади раъйдиҳандагони Амрико аз истизоҳу барканории Доналд Трамп ҳимоят мекунанд.
Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии Конгресс " Ҳил" , тибқи натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷӣ , 18 дарсад аз мардуми Амрико муътақиданд, ки бар алайҳи Трамп бояд сенсура ҷорӣ шавад ва 38 дарсад низ бар ин боваранд, ки ҳеч иқдоме набояд дар баробари вай анҷом шавад.
Бар асоси ин гузориш , соли гузашта беш аз 48 дарсади амрикоиҳо аз истизоҳи Трамп ҳимоят карда буданд.
Тибқи ин назарсанҷӣ беш аз 79 дарсад аз демукротҳо , истизоҳу барканории Трампро хостор шудаанд, ки ин рақам нисбат ба соли қабл як дарсад коҳиш дошта аст.Ин дар ҳоле аст, ки 71 дарсад аз ҷумҳирихоҳон бо истизоҳу барканории Трамп мухолифат кардаанд, ки нисбат ба назарсанҷии 2020 ҳудуди 7 дарсад афзоиш дошта аст.
38 дарсади мустақилҳо низ гуфтаанд, ки аз истизоҳу барканории Трамп ҳимоят мекунанд.
Ҳамзамон бо баргузории ҷаласаи Конгресс, рӯзи чаҳоршанбе ( 6 январ ) барои таъиди пирӯзии Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико , тарафдорони Трамп ба Конгресс ҳамлавар шуданд, ки ба дунболи ин ҳодиса , панҷ нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.
Ҷаласаи раъйгирӣ дар маҷлиси намояндагони Амрико барои баррасии дувумин истизоҳи Доналд Трамп-раиси ҷумҳури ин кишвар чаҳоршанбешаб баргузор шуд ва бо аксарияти оро ба тасвиб расид , то у ба аввалин раиси ҷумҳури торихи Амрико табдил шавад, ки дар давраи ҳазураш дар Кохи сафед , ду бор истизоҳ мешавад.
Тибқи натоиҷи ниҳоӣ , 222 намояндаи демократ ва 10 ҷумҳурихоҳ аз тарҳи истизоҳи Доналд Трамп , раиси ҷумҳурии Амрико ҳимоят карданд ва 197 намоянда ба он раъйи мухолиф доданд.
Ин дувумин бор аст, ки Трамп дар даврони раёсати ҷумҳурӣ мавриди истизоҳ қарор мегирад ва аввалин боре аст, ки тарҳи истизоҳи як раиси ҷумҳурии Амрико то ин ҳад аз тарафи ду ҳизби ҷумҳурихоҳу демократ ҳимоят шуда аст.
Бештар бихонед:
Тарҳи истизоҳи Трамп рӯи мизи Маҷлиси намояндагони Амрико