Январ 16, 2021 18:23 Asia/Dushanbe
  • Мақомҳои тандурустии Чин мегӯянд ширкати тавлидкунандаи яхмосҳои олуда ба корона таътил шуда аст
    Мақомҳои тандурустии Чин мегӯянд ширкати тавлидкунандаи яхмосҳои олуда ба корона таътил шуда аст

Хабаргузории Сен-Хуа аз шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар шаҳри Тиянзин дар шимоли чин ва наздикии Пекин хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Сен-Хуа рӯзи шанбе гузориш кард,ки баррасиҳои муқаддамотии сирятӣ нишон медиҳад, ки яхмосҳои олуда дар як ширкати тавлиди маводи ғизоӣ дар Чин бо истифода аз маводи аввалияе монанди хокаи шир воридшуда аз Зеляндияи нав ва хокаи панири воридотӣ аз Украина тавлид шуда аст.

Тибқи гузориши мақомоти тандурустии Чин ин ширкат таътил шуда аст.

 Ба маҳзи мушаххас шудани олудагии яхмосҳо ба корона , тамоми 1 662 корманди ширкат таҳти карантина қарор гирифта ва озмоиши корона додаанд.Мақомот зимни зиддиуфунӣ кардани муҳити корхона , дар ҳоли радёбии яхмосҳои фурухташуда ҳастанд.

 Коршиносон мегуянд вирӯс метавонад ба далели дараҷи сард ва равғани яхмос то муддатҳо дар маҳсул зинда бимонад.

Мавҷи нави густариши вируси корона аз чанд рӯз пеш дар Чин оғоз шуда аст, ки боиси карантина шудани вилояти Хубей дар шимоли ин кишвар шуда аст.

 Чин рӯзи шанбе 16 январ нахустин марги вобаста ба вирӯси коронаро дар ин кишвар дар ҳашти моҳи гузашта гузориш кард, ки дар вилояти Хубей ба қайд гирифта шуда аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп