Интиқоли « баллони бачагонаи Трамп » ба музейи Лондон
Бо хориҷ шудани Доналд Трамп аз Кохи сафед , падидаҳои аҷибе марбут ба у низ ба торих мепайванданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии шабакаи Алолам , бодкунаки бузурги машҳур ба " баллони бачагонаи Трамп " ки ҳамзамон бо сафари Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико ба Англия бисёр хабарсоз шуд , барои мондагор шудан дар торих ба музеи Лондон интиқол ёфт.
Ин баллони азим , намоди мухолифати мардуми Англия бо Доналд Трамп ва сиёсатҳои кӯдаконаи вай ба шумор меравад.
Ин баллонро мухолифони Трамп дар Англия ҳамзамон бо сафари Трамп ба Лондон бар фарози майдони порлумони Англия ба парвоз дар овараданд ва пас аз он борҳо дар дигар кишварҳое, ки мизбони сафарҳои Трамп буданд аз он истифода шуд .
Музейи Лондон соли 2019 эълом кард, қасд дорад ин пайкараки 20 футии зардрангро харидорӣ кунад ва онро ба маҷмӯъаи « эътирозот »-худ биафзояд.
Созандагони ин баллон бо интишори баёнияе аз ин ки « баллони бачагонаи Трамп » метавонад монанди худи Трамп ба торих супурда шавад, ибрози хушҳолӣ карданд ва гуфтанд,ки умедворанд ин баллон ёдовари муқобила бо сиёсатҳои нафратангез бошад.
Бештар бихонед: