Январ 19, 2021 11:04 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси ҳукми додгоҳ дороиҳои 89 раҳбару узви Ихвонулмуслимини Миср ба хазонаи давлат мунтақил мешавад
    Бар асоси ҳукми додгоҳ дороиҳои 89 раҳбару узви Ихвонулмуслимини Миср ба хазонаи давлат мунтақил мешавад

Додгоҳи расидагӣ ба умури изтирорӣ дар Миср дороиҳои 89 раҳбару узви ин ҷамоатро мусодира кард ва ба хазонаи давлат интиқол дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , додгоҳи умури изтирорӣ дар Миср бо баррасии шикояти раиси кумитаи мусодираи амволи ҷамоати Ихвонулмуслимин бо мусодираи амволи 89 раҳбару узви ин ҷамоат ва интиқоли он ба хазонаи давлат мувофиқат кард.

 Ин санад амволи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури пешини Миср , Муҳаммад Бадеъ- раҳбари Ихвонулмуслимин, Хайрат Ашшотир, муовини вай , Сафват Ҳиҷозӣ , Муҳаммад Албултоҷӣ , Муҳсини Розӣ, Асъади Ашшайха аз шахсиятҳои барҷастаи Ихвон , ҳамчунин Абдурраҳмон Албир , муфтии Ихвонулмуслимин ва даҳҳо нафари дигарро шомил ме‌шавад.

 Кумитаи мавсум ба мусодира ва мудирияти дороиҳои гурӯҳҳои « террористӣ » дар Миср декабри 2020 номи се ширкат ва 285 нафар аз аъзои Ихвонулмуслиминро дар феҳристи худ қарор дод, то ҳукми пешини додгоҳи умури изтирорӣ дар минтақаи Обидин, дар ноябри 2020-ро иҷро кунад.

 Давлати Миср пас аз табаддулоти Абдулфаттоҳ Ассисӣ алайҳи Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури собиқ дар декабри соли 2013 , Ихвонулмуслиминро гуруҳи террористӣ хонд.

Бештар бихонед:

Барчасп