Ваксинаи амрикоии корона панҷ нафарро дар Фаронса ба куштан дод + филм
Январ 20, 2021 21:11 Asia/Dushanbe
Оливе Веран, вазири беҳдошти Фаронса аз фавти панҷ нафар дар ин кишвар пас аз тазриқи ваксинаи амрикоии «Файзер» хабар дод.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, эъломи фавти ин панҷ нафар дар ҳоле сурат мегирад, ки Ожонси миллии амнияти доруии Фаронса пеш аз ин дар хусуси паёмадҳову авоқиби сахту хатарноки ваксинаи «Файзер» ҳушдор дода буд.
Бар асоси гузориши Ожонси миллии амнияти доруии Фаронса, халал дар коркарди қалб, дарду таваррумҳои мавзеӣ, хастагиву сардард, дарди устухонҳо ва табу ларз аз паёмадҳои тазриқи ваксинаҳои амрикоии «Файзер» ва «Модерно» аст.
Бештар бихонед:
- Оризаҳое, ки барои 4 довталаби ваксинаи коронаи Pfizer рух дод
- Вуруди ваксинаи амрикоӣ ва англисӣ ба Эрон мамнуъ аст