Январ 21, 2021 21:57 Asia/Dushanbe
  • Вашингтон пост : Трамп беш аз 30 ҳазор дуруғ дар давраи раёсати ҷумҳӯрӣ гуфта аст

Рӯзномаи Вашингтон пост , соъате пас аз оғоз ба кори Ҷо Байден ба унвони раиси ҷумҳӯри Амрико , оморе дар бораи теъдоди дуруғҳои Доналд Трамп-раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар ироа дод.

Ба гузориши рӯзнома Вашингтон пост , Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри собиқи Амрико дар давраи чаҳор солаи раёсати ҷумҳӯрии худ 30 ҳазору 573 дуруғ ё иддаои гумроҳкунанда матраҳ карда аст.

 Ин рӯзномаи амрикоӣ теъдоди дуруғҳо ва иддаоҳои ғалати Трампро ин тавр шумориш карда, ки агар дар як мусоҳиба ё тветте дар бораи як мавзӯи хос чанд бор дуруғ ё иддаои ғалат гуфта бошад , фақат як бор онро муҳосиба карда аст.

 Тибқи гузориши Вашингтон пост , бештарин иддаои ғалату дуруғе, ки Трамп дар давраи раёсати ҷумҳӯрӣ гуфт , иддаоҳои пайдарпааш дар бораи ин буда, ки ӯ бузургтарин иқтисоди торихи Амрикоро сохт.

 Ба навиштаи ин расона , агар аз муаллифаҳои навин дар санҷиши иқтисод истифода кунем , иқтисодҳое, ки дар давраи Эйзунхаер , Линдун Ҷонсон,Бил Клинтон-раисони ҷумҳурии асбақи Амрико эҷод шуд , аз иқтисоди давраи Трамп бузургтар буда аст.

 Тибқи ин гузориш , охирин иддаои гумроҳкунанда ва ғалати Трамп дар суханронии худоҳофизии ӯ аз мақоми раёсати ҷумҳӯрии Амрико дар пойгоҳи шикорӣ «Андрўз » соъате қабл аз маросими савгандёди Ҷо Байден  матраҳ шуд.

Трамп дар ин суханронӣ хитоб ба ҳомиёни худ ва мардуми Амрико гуфта буд : « Мо ( давлати Трамп ) бо фосилаи зиёд ( дар қиёс бо дигар давлатҳои Амрико ) болотарин мизони коҳиши молиётро дар торихи кишварамон доштем».

Вашингтон пост ин иддаои Трампро рад кард ва бо баррасии мизони тавлиди нохолиси дохилии Амрико дар давраи кунунӣ ва давраи Роналд Рейган-раиси ҷумҳури пешин эълом кард , бештарини мизони коҳиши молиёт дар давраи Рейган анҷом шуд.

бештар бихонед :

 

Барчасп