Фармони Байден барои баррасии таъсири таҳрими кишварҳо бар мубориза бо корона
(last modified Sat, 23 Jan 2021 11:40:20 GMT )
Январ 23, 2021 16:40 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои Амрико боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои беморони коронаӣ шуда аст
    Таҳримҳои Амрико боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои беморони коронаӣ шуда аст

Раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико дастур дод таъсири таҳримҳои хориҷӣ бар муборизаи кишварҳо бо густариши вируси корона баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр , Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрико дастур дода аст, то вазоратхонаҳои умури хориҷа , хазонадорӣ , бозаргонӣ ва ниҳодҳои тобеъи вазорати беҳдоштии ин кишвар ва ҳамчунин намояндагии Амрико барои тавсеъаи байналмиллалии осори таҳримҳои якҷонибаи Амрико таҳримҳои чандҷониба бар мубориза бо коронаро ба вай гузориш кунанд.

 Ин санад « Раҳбарии ҷаҳонии Амрико барои тақвияти муборизаи байналмиллалӣ бо КОВИД-19 ва тақвияти омодагии зистӣ ва эминии ҷаҳонӣ » ном гирифта аст.

 Гуфтанӣ аст, ки Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии собиқи Амрико ҳатто дар авҷи густариши вируси корона ҳам таҳрим алайҳи дигар кишварҳо аз ҷумла Эронро коҳиш надод.

 Ин дар ҳоле аст ки таҳримҳои якҷонибаву золимонаи Амрико, ки шомили маҳсулоти асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад, боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми кишварҳои таҳти таҳрими Амрико ба вижаи беморони коронаӣ шуда аст.

 Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони ахиран бо интиқод аз сиёсатҳои хасмонаи Амрико дар шароити ҳамагирии бемории корона гуфта буд :Ҷаҳон дигар наметавонад дар муқобили тероризми иқтисодии Амрико, ки бо тероризми пизишкӣ пайванд хурда сукут кунад.

 

 Бештар бихонед: