Январ 24, 2021 19:38 Asia/Dushanbe
  • Куба; Пешрав дар густариши ваксинасия дар Амрикои лотин

Истиқбол аз ваксинаи коронаи пешрафтаи Куба дар миёни мардуми Амрико Лотин ва дигар манотиқи ҷаҳон дар ҳоле аст, ки ахбори мунташиршуда аз аворизи хатарноки бархе ваксинаҳои ғарбӣ-амрикоӣ муҷиби афзоиши беэътимодии умумӣ нисбат ба он шуда аст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Висенте Уорт-мудири кулли муассисаи ваксинаи Финлои Кубо бо эъломи омодагии Гавана барои тавлиди 100 миллион дозаи ваксинаи бемории Ковид-19 тавзеҳ дод : Бо тавваҷуҳ ба инки тақозоҳои зиёдӣ барои ваксинаи Sobrana 2 аз сӯи кишварҳои мухталиф доштаем , барои пӯшиши бозори тақозо зарфиятҳои тавлидии худро аз сари нав созмондеҳӣ мекунем.

 Уорт зимни баршумурдани пешрафтҳои барномаи тавлиди ваксинаи Куба таъкид кард : Куба дар барномаи роҳбурдии тиҷории ваксинаи худ бар авомиле чун инсоният ва саломати ҷаҳонӣ назар дорад; ҳадафи аввали Куба на аҳдофи молӣ ва тиҷорӣ, балки фароҳам овардани саломатии бештари мардум аст.

 Хосе Мойя-намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Куба низ бо ибрози хушбинӣ нисбат ба раванди пешбурди ваксинаи Sobrana 2 гуфт : Куба аввалин номзади Амрикои лотин аст, ки ваксинаи худро ба марҳалаи корозмоиҳои болинӣ расонда аст . Ин кишвар бо беш аз 30 сол собиқа дар тавлиди ваксинаҳои дохилӣ, ҳудуди 80 дарсад ваксинаҳои мавриди ниёз барои тарҳи миллии эминсозии кишварро бар пояи тавлидоти доруи дохилӣ таъмин карда аст.

 Ин дар ҳоле аст, ки раванди ваксинасия бо ваксинаи амрикоии Файзер ба далели ахбори мунташиршуда аз аворизи хатарноки ин ваксинаҳо ва афзоиши беэътимодии умумӣ феълан мутаваққиф шуда асту афроди зиёде дар Амрикову Аврупо аз дарёфти ваксина сар боз задаанд.

Куба дорои саноъати биотехнологӣ ва доруӣ қудратманд ва шинохташуда аст ва пештар ваксинаҳои гуногуне аз ҷумла ваксинаи гипатити B ,миненгит, саратони шуш ва варамҳои дарунӣ тавлид карда аст.

 

 Бештар бихонед :

 

Барчасп