Байден: Аз рафторҳои Русия бисёр нигаронем
Раиси Ҷумҳурии Амрико бо тарҳи иддаоҳои исботнашуда алайҳи Русия гуфт, ки Вашингтон аз рафторҳои Маскав бисёр нигарон аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Итар Тасс , « Ҷо Байден» шомгоҳи душанбе гуфт: «Мо ҳам метавонем дар қолаби тавофуқи старти нав бо Русия бар асоси манофеъи кишварамон кор кунем ва ҳам инро барои Русия равшан кунем, ки дар бораи рафторшон дар қазияи Алексей Навалний дар гузоришҳои марбут ба таъини ҷоиза барои сари сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон бисёр нигаронем.»
Навалний кист?
Алексей Навалний чеҳраи ғарбгарои мухолифи давлати Русия рӯзи якшанбеи 17 январ дар фурӯдгоҳи «Шереметев»-и Маскав боздошт шудааст.
Навалний аз 29 декабри 2020 ба далели нақзи мукаррари муқаррароти машрут дар феҳристи афроди таҳти таъқиби полиси федероли Русия қарор дошт.
Ин мухолифи давлати Русия рӯзи 20 августи 2020 ҳангоми парвоз аз шаҳри « Томск » дар Русия ба самти Маскав дучори алоими беморӣ шуд ва баъд аз фуруди изтирории ҳавопаймо ба бемористоне дар шаҳри Томск мунтақил шуд ва сипас ба Олмон интиқол ёфт.
Алексей Навалний 7 сентябр ва чанд рӯз баъд аз он ки давлати Олмон иддаои масмумияти вайро матраҳ кард аз кома хориҷ шуд.
Русия ин иддаоҳоро рад ва эълом кард озмоиши Новалний ҳеч шавоҳиде аз вуҷуди заҳр дар бадан ӯро нишон надодааст.
Кишварҳои ғарбӣ кӯшиш карданд, ки парвандаи Навалнийро барои фишор овардан ба Русия истифода кунанд.
Бештар бихонед: