Тавсияи Пекин ба ҳукумати ҷадиди Амрико
Пекин ибрози умедворӣ кард, ки Амрико сиёсати солҳои ахири худ дар бораи Чинро бознигарӣ кунад ва рӯйуарди мусбат , созанда, оянданигар ва воқеъбинона дар пеш гирад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз радиои байналмилалии Чин, сафири Чин дар амрико Цуй Тянкай Cui Tiankai рӯзи чоршанбе ба изҳороти ахир сухангӯи Кохи Сафед, ки аз "шакебоии Ҷо Байден дар иртибот бо Чин" сухан гуфта буд вокуниш нишон дод.
Вай гуфт: «шакибоӣ кори хубест, аммо Амрико бояд гиреҳҳо ва масоили мавҷуд дар равобит бо Пекинро пайдо кунад ва сиёсати воқебинонае дар пеш гирад.»
Тянкай афзуд: «Амрико бояд хираду садоқат нишон диҳад. Сухангӯи Кохи Сафед асосан равобити Амрико бо Чинро рақобати роҳбурдӣ тавсиф карда ва дидгоҳҳое дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Чин дорад, ки чандон дуруст нест.»
Сафири Чин дар Амрико ҳамчунин дар бораи ҷанги тиҷорӣ миёни Пекин ва Вашингтон ҳам гуфт, ки Чин ҳамвора бо ин ба истилоҳ «ҷанги тиҷорӣ » мухолиф аст, аммо тарсе ҳам аз он надорад.
Бештар бихонед: