Русия гоми нахустро барои коҳиши танишҳо бо Амрико бардошт
(last modified Wed, 27 Jan 2021 14:15:28 GMT )
Январ 27, 2021 19:15 Asia/Dushanbe
  • Путин тарҳи тамдиди Паймони стартро ба Думаи Русия пешниҳод карда буд
    Путин тарҳи тамдиди Паймони стартро ба Думаи Русия пешниҳод карда буд

Маҷлиси Думаи Русия имрӯз - чаҳоршанбе тарҳи тамдиди 5 солаи «Паймони старти нав» -ро тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар пайи гуфтугӯи телефонии дирӯзи Владимир Путин ва Ҷо Байден, раисони ҷумҳурии Русия ва Амрико ва тавофуқи ду тараф барои мубодилаи ёддоштҳои дипломатӣ дар заминаи тамдиди ин паймон, Путин тарҳи тамдиди ин паймонро ба Думаи Русия пешниҳод кард.

Ин тарҳ рӯзи чаҳоршанбе бо унвони «Тавофуқномаи тамдиди паймон байни Русия ва Амрико барои коҳишу маҳдудсозии таслеҳоти таҳоҷумии роҳбурдӣ» дар Думаи Русия ба раъй гузошта шуд ва намояндагон бо тамдиди панҷсолаи он мувофиқат карданд.

Сергей Риябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе эълом кард: Ин паймон ба муддати панҷ сол бидуни пешшарт ва бидуни ҳеч замимае тамдид мешавад.

Бар асоси “Паймони старти нав”, ки соли 2010 миёни Русия ва Амрико баста шуд, ду кишвар тавофуқ карданд теъдоди кулоҳакҳои ҳастаии роҳбурдии худро ба ҳазору 550 адад, мустақар бар рӯйи ҳаддиаксар 700 мушаки баллистики қорапаймо ва бомбаафкани роҳбурдӣ маҳдуд кунанд.

Давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико барои тамдиди Паймони старти нав шартҳоеро матраҳ мекард, ки бо мухолифати Русия рӯ ба рӯ шудаву сарнавишти ин паймонро номаълум карда буд.

 

Бештар бихонед: