Мавозеи зиддиэронӣ дар аввалин изҳороти сухангӯи Пентагон
-
Беҳудагӯиҳои мақомоти амрикоии давлати Байден алайҳи Эрон
Сухангӯи Вазорати дифои Амрико нахустин конфронси хабарии худро бо тарҳи иттиҳомоти зиддиэронӣ оғоз кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҷон Керби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико бо такрори иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯи давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар, бо ишора ба барномаи мушакҳои баллистики фаъоли Теҳрон ва роҳандозии сентрифужаҳо дар Эрон муддаӣ шуд: “Аз нигоҳи вазири дифоъ, мо ҳанӯз дар минтақаи Ховари Миёна ва халиҷи Форс манофеи амниятӣ дорем, дар ин минтақа шарикону дӯстоне дорем, ки ба онҳо мутааҳҳидем ва ҳанӯз дар маҳори терроризме, ки Эрон дар саросари минтақа тарвиҷ медиҳад, манофеъ дорем”.
Керби афзуд: Бинобарин Эрон ҳанӯз дар фаъолиятҳои хушунатбор дахолат дорад ва мо ба ҳар андозае ки тавони маҳори чунин фаъолиятҳоеро дошта бошем, аз он истифода хоҳем кард.
Беҳудагӯиҳои мақомоти амрикоӣ алайҳи Эрон дар ҳолест, ки Ноам Чомский, назарияпардози барҷастаи амрикоӣ рӯзи шанбе дар мусоҳиба бо шабакаи “Раша Тудей” аз Амрико ба унвони сардамдори терроризм дар ҷаҳон ном бурд.
Ҷумҳурии исломии Эрон нақши асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ –саҳюнистӣ - саудӣ дар минтақа дорад.
Эрон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон ва муттаҳидонаш дар Ироқу Сурия ба дархости расмии ин кишварҳо кумаки мусташорӣ ба онҳо ироа мекунад иқдоме ки ба ҳеч ваҷҳ ба мазоқи мақомоти амрикоӣ хушоянд нест.
Бештар бихонед:
- Таҳлиле бар твитти Зариф хитоб ба давлати Байден
- Ғарибободӣ: Ҳамкорӣ ва ҳусни нияти Эрон як хиёбони дутарафа аст