Январ 30, 2021 19:35 Asia/Dushanbe
  • Лай Сяомин яке аз ҳазорон нафарест, ки дар ҷараёни як барномаи мубориза бо фасоди таҳти раҳбарии  Раиси Ҷумҳурии Чин боздошт шуда буд
    Лай Сяомин яке аз ҳазорон нафарест, ки дар ҷараёни як барномаи мубориза бо фасоди таҳти раҳбарии Раиси Ҷумҳурии Чин боздошт шуда буд

Раиси собиқи яке аз ширкатҳои давлатии мудирияти дороии Чин ба ҷурми дарёфти ришва эъдом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, давлати Чин рӯзи шанбе эълом кард Лай Сяомини 58-сола дар додгоҳи Тянҷин, дар шарқи Пекин, ба эъдом маҳкум шуда буд.

 

Додгоҳи Тянҷин эълом кард: «Ҳукми эъдом барои Лай тавҷеҳпазир ва қобили қабул аст, чунки вай дар баробари сармоя‌гузори‌ҳо, пешниҳоди қарордодҳои сохтусоз, кумак ба тарфии шуғлӣ ва корҳои дигар ришваҳои калоне дарёфт ме‌кард.»

Ин додгоҳ афзуд: «Лай тайи як даҳа ба таври кулли 1, 8 миллиард юан (260 миллион доллар ) ришва дархост ё ҷамъоварӣ карда буд, ки танҳо маблағи як маврид аз ин ришваҳо 600 миллион юан ( 93 миллион доллар) будааст.»

Вай ҳамчунин ба ихтилос беш аз 25 миллион юон ( чаҳор миллион доллар ) ва ташкили хонаводаи дувум дар ҳоле, ки мутааҳҳил буда ва бо ҳамсари аввалаш зиндагӣ мекардааст, маҳкум шуда буд.

Эъдоми ин мақоми молии Чин дар ҳолест,  ки бештари муҷозотҳои эъдом дар ин кишвар барои ду сол мутаваққиф шуда ва сипас ба ҳабси абад сабук карда мешаванд.

Барчасп