Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол бо ҳузури тамошогар баргузор мешавад
Ҷанни Инфантино, раиси Федерасиюни байналмилалии футбол гуфт: “бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии соли ояндаи милодӣ дар Қатар бо ҳузури тамошогарон дар варзишгоҳҳо баргузор хоҳад шуд”.
Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, раиси ФИФА рӯзи душанбе дар нишасти маҷозӣ дар Женева афзуд, Ҷоми ҷаҳонӣ дар соли 2022 дар Қатар баргузор мешавад ва бемории ҳамагири вируси корона таъсире дар баргузарии он нахоҳад дошт.
Инфантино тавзеҳ дод: “ин иттифоқ бовар накарданӣ хоҳад буд ва ҷодуе хоҳад дошт, ки ҷаҳонро муттаҳид мекунад”.
Ин дар ҳоле аст, акнӯн рақобатҳои интихобӣ дар кишварҳои мухталиф бидуни ҳузури тамошогар баргузор мешавад ва дар қораи Осиё низ рақобатҳо ба соли оянда мавкӯл шудааст.
Раиси ФИФА пештар таъкид кард, ки корона таъсире рӯи Ҷоми ҷаҳонӣ нахоҳад дошт ва ин рақобатҳо дар Қатар бо ҳузури тамошогар баргузор мешавад.
Мусобиқоти ҷаҳонии Қатар аз 21 ноябр то 18 декабри 2022 баргузор мешавад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Алиризо Фағонӣ беҳтарин довари футболи қораи Осиё дар соли 2020
- Эъломи замони мусобиқоти тими футболи Тоҷикистон дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонӣ