Давлати Афғонистон тарҳи ҷадиди Амрико барои сулҳро шайтонӣ хонд
Муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон тарҳи ҷадиди Амрико барои сулҳ дар ин кишварро тарҳе шайтонӣ хонд ва гуфт, ин тарҳ бӯи лобигарии террористҳо медиҳад ва ҳадафи он ҷуз эҷоди тафриқа дар миёни миллату тазъифи Афғонистон нест.
Ба гузориши ИРНА, Амруллоҳ Солеҳ афзуд, бар асоси ин тарҳ мардум дар таъин ва сохтани ҳайати гузиниши давлати Афғонистон ҳеч нақше нахоҳанд дошт.
Вай изофа кард, ин тарҳ ҷойгоҳи давлати Кобулро ба ҳеч тақлил медиҳад ва марказияти идорӣ ва сиёсии Афғонистонро аз байн мебарад ва барои тамоми кишварҳои дахил ва муртабит бо раванди сулҳ, бахши нуфӯзӣ эҷод мекунад.
Мафоди тарҳи амрикоии сулҳ дар Афғонистон чист?
Тарҳи ҷадиди давлати Амрико барои сулҳ дар Афғонистон тарҳе 8 сафҳаӣ аст, ки дар чанд рӯзи гузашта дар расонаҳои ин кишвар даст ба даст шуд ва гуфта мешавад, онро як муассисаи амрикоӣ барои таъини сулҳу нақшаи роҳи ояндаи ин кишвар тарҳрезӣ кардааст.
Муҳиммтарин меҳвари ин тарҳ таъини як давлати муваққат ба номи «ҳукӯмати исломии сулҳ» аст, ки дар он 50 дарсади қудрат ба Толибон вогузор шудааст.
Бар пояи ин тарҳ, раиси ҷумҳур ва нахуствазири ҳукумати муваққатро тарафҳои афғонии раванди сулҳ интихоб мекунанд ва тамомии ниҳодҳои калидӣ, аз ҷумлаи ниҳодҳои амниятӣ, дифоӣ ва молӣ байни ҷумҳурият ва Толибон ба таври мусовӣ тақсим мешавад.
Бар асоси ин тарҳ Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар ин ҳукумат 334 узв хоҳад дошт, ки 250 тани он аз аъзии кунӯнии маҷлис хоҳанд буд ва 84 нафари дигарро Толибон муаррифӣ хоҳанд кард.
Аз миёни 102 узви маҷлиси Сенат низ 34 намоянда аз сӯи Толибон, 34 нафар аз тарафи давлат ва 34 тан ҳам аз шӯроҳои устонӣ баргузида хоҳанд шуд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Шарти сангини Толибон барои оташбас дар Афғонистон
- Таъкид бар меҳварияти қонуни асосӣ дар музокироти сулҳи давлати Афғонистон бо Толибон
- Уфуқи маҳолӯди музокироти сулҳ дар Афғонистон