Баррасии буҳрони Мянмар дар Шӯрои амнияти СММ
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасмим дорад имрӯз сешанбе масаълаи Мянмаро ба баҳсу баррасӣ бигузорад.
Ба гузориши хабаргузории Райтерз, ин иқдом пас аз он рух медиҳад, ки ягонҳое аз артиши Мянмар дар нахустин соатҳои бомдоди рӯзи кудато (рӯзи душанбе) Аун Сан Су Чжи, раиси Ҳизби ҳокими иттиҳоди миллии демократӣ ва чанд тани дигар аз раҳбарони ин ҳизб, аз ҷумла Win Myint, раиси ҷумҳурии ин кишварро боздошт карданд ва қудратро дар даст гирифтанд.
Ҳизби иттиҳоди миллии демократии Мянмар ба раёсати Аун Сан Су Чжи дар интихоботи се моҳи пеш бо касби ҳудуди 83 дарсади оро дар интихоботи порлумонӣ иддаои пирӯзӣ кард, аммо артиши ин кишвар бо муттаҳам кардани ҳизби ҳоким ба тақаллуб дар интихобот, натоиҷи интихоботро махдуш донист.
Кудатои артиши Мянмар ба суръат бо вокунишҳои минтақаӣ байналмилалӣ рӯбарӯ шуд.
Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Туркия, Ҷопон, Канада, Сингапур, Ҳинд ва Австралия ин кудатаро маҳкӯм карда ва бозгашт ба демократия дар Мянмаро хостор шуданд.
Ҳамчунин Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ боздошти Аун Сан Су Чжи ва раиси ҷумҳури Мянмар ва бархе аъзои ҳизби ҳокими ин кишварро маҳкум кард.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Дархости ҳизби Аун Сан Су Чжи аз мардуми Мянмар
- Созмони Милали Муттаҳид хостори муҳокимаи генералҳои Миянмар шуд