Ҷанозаи аҷиби хохоми исроилӣ дар шароити коронаӣ+ аксҳо
Ҳазорон яҳудии православӣ бо нақзи маҳдӯдиятҳои коронаӣ дар маросими ҷанозаи як хохоми барҷаста дар Байтулмуқаддас ширкат карданд.
Яҳудёни ифротии ширкаткунанда дар ин маросим, ки ҷамъияти онҳо беш аз 700 ҳазор нафар тахмин зада шудааст бо либосҳо ва кулоҳҳои сиёҳ дар хориҷ аз хонаи хохом, ки бар асари ибтило ба вируси корона ҷон бохта буд ҷамъ шуда буданд.
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси эъломи мақомоти беҳдошти Исроил иҷтимои беш аз 10 нафар дар фазои боз мамнӯъ аст.
Бештари ширкаткунандагон дар маросими ҷанозаи ин хохом аз маск истифода накарда ва ё онро рӯи чонаи худ қарор дода буданд.
Тибқи эъломи вазорати беҳдошти Исроил токунӯн беш аз 650 ҳазор исроилӣ ба вируси корона мубтало шуда ва ҳудӯди 5 ҳазор нафар аз онон низ ҷон бохтаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД: