Ибрози нигаронии СММ аз авзои Мянмар
Сухангӯи дабири кулли СММ аз эҳтимоли бадтар шудани авзоъи ақаллияти мусулмони Руҳингиё дар пайи кудатои артиши Мянмар ибрози нигаронӣ кард
Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алҷазира, Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли СММ зимни ибрози нигаронӣ аз вазъияти ақаллияти мусулмони Руҳингиё пас аз кудато дар Мянмар изҳор кард: таҳаввулоти ахир бар эҳтимоли бозгашти эмин ва довталабонаи муҳоҷирони Руҳингиё аз Бангладеш таъсири манфӣ дорад.
Вай афзуд, арзёбиҳои мо нишон медиҳад ҳудӯди 600 ҳазор нафар аз ақаллияти Руҳингиё ҳамчунон дар Бангладеш зиндагӣ мекунанд ва 120 ҳазор нафар аз онҳо дар урдӯгоҳҳо мондаанд, ки наметавонанд озодона рафту омад кунанд ва дастёбиашон ба хадамоти аввалияи беҳдоштӣ ва омӯзишӣ бисёр маҳдуд аст.
БЕШТАР БИХОНЕД: