Феврал 03, 2021 22:05 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Одисозии равобит бо Исроил набояд монее барои ташкили кишвари Фаластин шавад
    Лавров: Одисозии равобит бо Исроил набояд монее барои ташкили кишвари Фаластин шавад

Вазири хориҷаи Русия дар нишасти хабарӣ бо ҳамтои урдунии худ дар Маскав роҳи ҳалли дудавлатӣ ва ташкили кишвари Фаластинро танҳо роҳи ҳалли буҳрони Фаластин донист.

Ба гузориши “Алолам”, Сергей Лавров афзуд: “Маскав аз одисозии равобит миёни режими саҳюнистӣ ва бархе кишварҳои арабӣ истиқбол мекунад, аммо ин одисозии равобит набояд монеъе барои ташкили кишвари Фаластин ва роҳи ҳалли дудавлатӣ шавад.

Вазири хориҷаи Русия бо таъкид бар музокироти мустақим миёни режими саҳюнистӣ ва фаластиниҳо аз Кумитаи чаҳоргона ва кишварҳои арабӣ хост то аз ин гуфтугӯҳо ҳимоят кунанд.

Айман Сафадӣ, вазири хориҷаи Урдун низ гуфт, идеяи роҳи ҳалли дудавлатӣ ба далели иқдомоту таҷовузҳои режими Исроил дар маърази хатари шадид қарор дорад.

Вай бо таъкид бар сарпарастии Урдун бар маконҳои муқаддаси Фаластин, онро амонат ва масъулияте бар ӯҳдаи подшоҳи ин кишвар донисту гуфт, ки тамоми кишварҳои арабӣ ин масъаларо таъйид ме‌кунанд.

Пеш аз ин бархе расонаҳо аз талоши давлати Саудӣ барои бар ӯҳда гирифтани сарпарастии Масҷидулақсо ва тавофуқ бо режими саҳюнистӣ дар ин хусус хабар дода буданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп