Тамдиди Паймони “Старти ҷадид”: таҳаввул дар равобити Вашингтон ва Маскав
(last modified Thu, 04 Feb 2021 08:38:48 GMT )
Феврал 04, 2021 13:38 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди расмии 5 солаи Паймони “Старти ҷадид” миёни Русия ва Амрико
    Тамдиди расмии 5 солаи Паймони “Старти ҷадид” миёни Русия ва Амрико

Бо вуҷуди оғози пуртаниши равобити Амрико Русия дар давраи раёсатҷумҳурии Байден ва мавзеъгириҳои зиддирусии Вашингтон, аммо акнун таҳаввули муҳим дар заминаи тавофуқоти стротегӣ байни ин ду қудрати бузурги ҳастаӣ сурат гирифтааст.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе (3 феврал) дар баёнияе аз расмӣ шудани тамдиди Паймони таслиҳотии “Старти ҷадид” ба муддати 5 сол хабар дод.

Блинкен дар баёнияи худ эълом кард: «раисҷумҳур Байден ваъда дода буд, ки аз тариқи эҳёи раҳбарии Иёлоти муттаҳида дар ҳавзаи кантроли таслиҳот ва манъи густариш, мардуми Амрикоро аз таҳдидоти ҳастаӣ эман нигоҳ дорад. Имрӯзи Иёлоти муттаҳида бо тамдиди муоҳидаи “Старти ҷадид” бо Федератсияи Русия ба муддати 5 сол, аввалин гомро дар ростои амал ба ин ваъда бардошт.»

Иқдоми муҳимми давлати Байден дар мувофиқат бо тамдиди паймони “Старти ҷадид”, ки комилан бар хилофи равияи давлати Трамп дар заминаи хурӯҷ аз паймонҳои кантроли таслиҳот, аз ҷумлаи Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд ва паймони Осмонҳои боз қарор дорад, умеди ҷадиде барои ҷилавгирӣ аз афзоиши таслиҳоти ҳастаӣ ва ҳифзи амнияти ҷаҳонӣ эҷод кардааст. Паймони “Старти ҷадид” охирин паймони муҳим дар заминаи кантроли таслиҳоти ҳастаии стротегӣ аст, ки ҳанӯз ба ҳаёти худ идома медиҳад. Бо вуҷуди исрорҳо ва таъкидҳои фаровони Русия барои тамдиди ин паймон, ки муҳлати он дар 5 феврали 2021 ба поён мерасад, аммо давлати Трамп бо матраҳ кардани шурути ғайри амалӣ монанди ҳазфи таслиҳоти фаросавт аз зарродхонаи Русия ва лузуми узвияти Чин дар ин паймон ба дунболи адами тамдиди он буд. Бо тавваҷуҳ ба наздик будани замони поёни Паймони “Старти ҷадид”, давлати Русия ахиран дар ин бора ба давлати Пешини Амрико ҳушдор дода буд.

Georgy Arbatov, коршиноси равобити байналмилал мегӯяд: “ Паймони “Старти ҷадид” ба лутфи режими рости озмоӣ ва иқдомоти эътимодсоз, тавонист дараҷаи болое аз қобилияти пешбинӣ, шафофият ва таъомули корӣ дар равобити стротегии қудратро тазмин кунад”.

Нуктаи қобили тавваҷуҳ дар ин замина ин аст, ки давлати Байден низ дар ростоӣ руйкарди куллии Амрико, ки ҳамвора душманону рақибони худро мавриди иттиҳом қарор дода ва худро мубарро аз ҳар гуна иқдом ва ё равияи нодуруст нишон медиҳад дар ин бора низ талош карда то ба наҳве хатари ҳастаии иддаоӣ аз ҷониби Русияро далели иқдомаш барои тамдиди паймони “Старти ҷадид”  қаламдод намояд.

Блинкен дар ин бора иддао кард, ки « тамдиди муоҳидаи “Старти ҷадид” тазмин мекунад, ки мо маҳдудиятҳои қобили ростӣ озмоиро бар мушакҳои болистики қора‌паймо, мушакҳои қобили шиллик аз зердарёӣ ва ҳамчунин бомбафканҳои стротегии русӣ хоҳем дошт». Дар ҳоле, ки воқеъият ин аст, ки Амрико ба хусус дар давраи зимомдории Трамп гомҳои бузургеро дар ростои навсозии ҳастаӣ дар абъоди заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ бардошта ва миллиардҳо долларро ба таҷҳизи дубораи зарродхонаи ҳастаии худ ихтисос додааст.

Дар муқобил Русия борҳо бар лузуми ҳифзи муъоҳидоти кантроли таслиҳот, аз ҷумла паймони “Старти ҷадид”таъкид карда ва руйкарди давлати қаблии Амрикоро, ки мубтани бар хурӯҷ аз ин паймонҳо барои раҳоӣ аз ҳар гуна маҳдудият дар бораи густариши таслиҳотӣ буда, мавриди накуҳиш қарор додааст. Бо тавваҷуҳ ба инки давлати Байден тамаркузи худро бар маъкус намудани иқдомоти давлати Трамп ниҳода аст, лизо бо руи кор омадани вай ва эъломи қасдаш барои тамдиди паймони “Старти ҷадид”, Маскав гомҳои лозимро дар ин замина ба суръат бардошт. Пас аз Ёддошти тафоҳум 26 январ байни Амрико ва Русия, лоиҳаи тамдиди панҷсолаи паймони “Старти ҷадид” дар Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсияи Русия ба тасвиби расид ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ рӯзи 31 январ онро имзо кард. Аз дидгоҳи Маскав бақои паймонҳои кантроли таслиҳот шарти муҳимме барои ҳифзи субот ва амнияти ҷаҳонӣ аст./

 

БЕШТАР БИХОНЕД: