Коршиноси Би Би Си: Байден бояд таҳримҳои Эронро бекор кунад
(last modified Mon, 08 Feb 2021 16:13:30 GMT )
Феврал 08, 2021 21:13 Asia/Dushanbe

Коршиноси шабакаи Би Би Си - форсӣ муътақид аст, ки давлати Байден бояд таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро бекор кунад ва ба БарҶом бозгардад.

Гарет Портер, нависандаи китоби «Буҳрони сохтагӣ, достони ногуфтаи Эрони ҳастаӣ» дар мусоҳибае бо шабакаи Би Би Си - форсӣ гуфт: Амрико бояд ба БарҶом баргардад ва тамоми таҳримҳое, ки давлати Трамп бар хилофи тавофуқи БарҶом алайҳи Эрон ҷорӣ карда буд, бояд лағв (бекор) шавад.