Феврал 09, 2021 22:25 Asia/Dushanbe
  • Моссад барои амалисозии амалиёти террористии худ дар саросари ҷаҳон аз занон истифода мебарад
    Моссад барои амалисозии амалиёти террористии худ дар саросари ҷаҳон аз занон истифода мебарад

Таҳқиқе, ки дар расонаҳои исроилӣ мунташир шуд аз нақши занони Моссад дар бастани тавофуқномаи оддисозии равобит бо теъдоде аз кишварҳои арабӣ парда бардошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи итилорасонии Иморот 71, канали 12 телевизиюни режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки Ёсси Коэн Yossi Cohen раиси созмони иттилоот ва амалиёти вижаи исроилии Моссад декабри 2020 аз 8 тан аз заноне, ки нақши муҳимме дар оддисозии равобити Тел-Авив бо кишварҳои арабӣ ҳошияи халиҷи Форс доштанд таҷлил кард. 

Канали 12 телевизиюни режими Исроил дар гузориши таҳқиқии худ ҳамчунин аз занони дигаре номи бурдааст, ки аз даҳҳо сол қабл дар амалиётҳои мухталифи режими саҳюнистӣ дар Лубнону Фаластин, фармондеҳони фаластиниро ба қатл мерасондаанд. 

Бар асоси ин гузориш, занони Моссад дар саросари ҷаҳон бо номҳои мухталиф ва дар ҳар заминае, ки имкони он вуҷуд дошта бошад, нақшофаринӣ мекунанд. 

Тзипи Ливни Tzipi Livni сиёсатмадори исроилӣ аз дар мусоҳибае бо маҷаллаи Тайм гуфта буд, ки дар замони ҳамкориаш бо Моссад барои касби иттилоот аз шахсиятҳои барҷаста бо онҳо равобити ҷинсӣ барқарор кардааст. 

Вай, ки вазири корҳои режими саҳюнистӣ низ будааст гуфта аз равобити номашрӯъ ва ғайриахлоқии худ бо мақомоти бархе кишварҳои арабӣ филмбардорӣ мекардааст. 

Иморот, Баҳрайн, Судон ва Мағриб соли 2020 тавофуқномаҳои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ имзо карданду Доналд Трамп ин тавофуқномаҳоро " муваффақияти диплумотики торихӣ " тавсиф кард, аммо гурӯҳҳои фаластинӣ ва бисёре аз кишварҳои исломӣ ин тавофуқҳоро хиёнат ба ислом ва Фаластин донистанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп