26 кишвари ҷаҳон аз ваксинаи русии корона истифода мекунанд
(last modified Sat, 13 Feb 2021 08:16:42 GMT )
Феврал 13, 2021 13:16 Asia/Dushanbe
  • Ваксинаи “Sputnik V”, яке аз се ваксинаи пуркорбурд алайҳи вируси корона дар ҷаҳон башумор меояд
    Ваксинаи “Sputnik V”, яке аз се ваксинаи пуркорбурд алайҳи вируси корона дар ҷаҳон башумор меояд

Русия эълом кард, ки ваксинаи сохти ин кишвар барои муқобила бо вируси корона дар 26 кишвари ҷаҳон муҷаввизи истифода гирифтааст.

Сандӯқи сармоягузории мустақими Русия эълом кард, ки ваксинаи “Sputnik V”, яке аз се ваксинаи пуркорбурд алайҳи вируси корона дар ҷаҳон башумор меояд.

Ваксинаи “Sputnik V” ба унвони аввалин ваксинаи корона дар ҷаҳон шинохта мешавад ва токунӯн кишварҳое назири Иморот, Эрон, Венесуэла, Арманистон, Мексика, Сербия, Русия, Аргентина ва Лубнон ва бархе кишварҳои аврупоӣ муҷаввизи истифода аз ин ваксинаро содир кардаанд.

Русия 11 августи 2020 аз дастёбӣ ба ваксинаи муқобила бо вируси корона бо номи “Sputnik V” хабар дод.

“Sputnik V”, ки нахустин ваксинаи муқобила бо вирус корона аст дар Маркази эпидемиологияи миллӣ ва микробиологияи Гамалия дар вазорати беҳдошти Русия тавлид шуда ва ду моҳ аст, ки тазриқи он дар кишварҳои мухталиф оғоз шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: