Феврал 13, 2021 15:22 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи ҳамалоти Толибон дар Афғонистон ва хурӯҷи Амрико аз ин кишвар аз мафоди тавофуқи Толибон ва Амрико аст
    Таваққуфи ҳамалоти Толибон дар Афғонистон ва хурӯҷи Амрико аз ин кишвар аз мафоди тавофуқи Толибон ва Амрико аст

Вазорати дифои Амрико аз бознигарии ин кишвар дар тавофуқ бо гурӯҳи Толибон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, вазорати дифои Амрико (Пентагон) эълом кард: давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури ин кишвар тавофуқеро, ки Доналд Трамп бо гурӯҳи Толибон имзо карда буд дубораи бознигарӣ хоҳад кард, аммо ҳанӯз дар бораи навъи ин бознигарӣ тасмим нагирифтааст.

Бар асоси тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи Толибон дар 29 феврали 2020 дар Давҳаи Қатар Толибон бояд хушунат ва ҳамалотро дар Афғонистон мутаваққиф кунад ва низомиёни амрикоӣ низ бояд аз ин кишвар хориҷ шаванд.

 Ин тавофуқ дар ҳоле ба имзои ду тараф расидааст, ки аъзои Толибон ҳамчунон ба ҳамалоти худ дар манотиқи Афғонистон идома медиҳанд ва аз хурӯҷи низомиёни террористи амрикоӣ аз Афғонистон ҳам хабаре нест.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

 

Барчасп