Ризоятмандии Русия аз изҳороти Макрон дар бораи ваксинаи русӣ
Намояндаи доми Русия дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҳамкории шарикони Русия барои муқобила бо Ковиди 19 истиқбол кард.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, Михаил Улянов намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена дар сафҳаи Твиттерии худ навишт: Ин бисёр хубаст, ки шуракоии ғарбии мо мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки мо фақат бо дар канори ҳам қарор гирифтан аз тариқи талошҳои ғайрисиёсӣ метавонем дар ҷанг алайҳи Ковид - 19 дар ҷаҳон ба пирӯзӣ даст ёбем.
Раиси ҷумҳурии Фаронса Эмануел Макрон рӯзи якшанбе дар мусоҳибае гуфта буд: Мо бояд бо чиниҳо ва русҳо ҳамкорӣ кунем то ваксинҳое, ки тавассути донишмандони онҳо тавлид шударо дар роҳи ин талоши чандҷонибаи бузург алайҳи ҳамагирии корона ба кор бибарем.
Ба рағми сохти чандин навъи ваксинаи зидди корона дар ҷаҳон, вирусҳои тағйирёфтаи корона ба вижа вирусҳои тағйирёфтаи англисӣ ва Африқоии ҷанубӣ, ба нигарониҳо доман задааст.
Як нашрияи пизишкии мӯътабар чанде пеш дар гузорише, таъсири болои ваксинаи русии Спутник Ви-ро таъйид кард. Дар пайи интишори ин гузориш, мақомоти аврупоӣ, аз ҷумла садри аъзами Олмон Ангела Меркел, нисбат ба таъйид ва таҳияи ваксинаи сохти Русия ибрози тамоюл карданд. Ин дар ҳолест, ки аврупоиҳо то пеш аз ин ба таъсиргузории ваксинаи сохти Русия ибрози тардид мекарданд.
Аз ибтидоии шуюъи ҳамагирӣ дар ҷаҳон, беш аз 109 миллион нафар ба вируси Ковид - 19 мубтало ва беш аз 2 миллиону 400 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
Бештар бихонед: