Феврал 15, 2021 22:28 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Маскав омодагӣ дорад равобити худро бо Аврупо эҳё кунад
    Лавров: Маскав омодагӣ дорад равобити худро бо Аврупо эҳё кунад

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо баёни ин ки дигар чизи зиёде аз равобити рӯ ба уфули Русия ва Аврупо боқӣ намондааст, таъкид кард: Раванди нузулии равобити Русия бо Аврупо солҳост, ки дар ҳоли вуқуъ аст ва Аврупо оғозгари он аст.

Ба гузориши ИРНА, Лавров дар дидор бо вазири хориҷаи Финландия дар Маскав, дар бораи эҳтимоли қатъи равобити Русия бо Аврупо гуфт: Маскав омодагӣ дорад равобити худро бо Аврупо эҳё кунад, вале ҳама чиз ба Иттиҳоди Аврупо бастагӣ дорад ва бояд барои ҳар иттифоқе омода буд.

Лавров бо баёни ин ки Брюссел чорчӯби равобити байни Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Аврупоро ба таври амдӣ аз байн бурд, афзуд: Пайравии Иттиҳоди Аврупо дар мавриди нақзи ҳуқуқи русзабонон аз фосилаи ин иттиҳодия бо Русия ҳикоят дорад.

Лавров се рӯзи пеш ҳам омодагии кишварашро барои қатъи равобит бо Иттиҳоди Аврупо дар сурати эъмоли таҳрим алайҳи Маскав эълом карда буд.

Вай гуфта буд: Дар сурате, ки як бори дигар бубинем, ки дар ҳавзае Русияро таҳрим мекунанд ва барои иқтисоди ин кишвар, аз ҷумла дар ҳассостарин арсаҳо риску хатар эҷод мекунанд, чунин воқеае (қатъи равобит) рух хоҳад дод.  

Аммо билофосила Димитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳурии Русия эълом кард, ки суханони Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар мавриди қатъи равобит бо Иттиҳоди Аврупо таҳриф шудааст.

Вай афзуд: Маънои суханони Лавров ин буд, ки мо намехоҳем бо Иттиҳоди Аврупо равобитро қатъ кунем, аммо агар ин иттиҳодия дар ин масир ҳаракат кунад, дар он сурат мо омода хоҳем буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп