Феврал 16, 2021 16:16 Asia/Dushanbe
  • Фавти раҳбари шиаёни Индонезия

Раҳбари шиаёни Индонезия бар асари ибтило ба корона даргузашт.

Профессор Ҷалолиддин Раҳмат, раҳбари шиаёни Индонезия дар синни 72 солагӣ ва бар асари ибтило ба бемории корона ба диёри ҳақ шитофт.

Профессор Ҷалолиддин Раҳмат, муассиси созмони Аҳли байти Индонезия ва дилбохтаи имомайни инқилоб, душанбеи 27 баҳмани 1399 дар пайи ибтило ба корона ба диёри ҳақ шитофт.

Ҳуҷҷатуллоҳ Иброҳимиён, ройзани фарҳангии собиқи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Индонезия дар бораи ӯ гуфт: Марҳум доктор Ҷалол замоне, ки дар хориҷ аз кишвар барои таҳсил, зиндагӣ мекард, бо мутолеаву ҷустуҷӯ масири аҳли байт алайҳимуссалом ва мактаби Имомро интихоб кард ва худ борҳо мегуфт, дар канори мутолеаи кутуби донишмандони шиа, шефтаи марҳум Имом Хумайнӣ шудам. Аз ин рӯ, ин масирро интихоб кардам.

Иброҳимиён афзуд: "Акси бузурги марҳум Имом (раҳ) ва мақоми муаззами раҳбарӣ ҳафизаллоҳ дар манзили доктор Ҷалол дар Ҷакарта барои ҳар эрониву хориҷӣ, ки ба хидматашон мерасид, қобили таҳсин буд, зеро вирди забони доктор Ҷалол ин буд: “Сайидино Алқоид” (мақоми муаззами раҳбарӣ) дар қалби ман аст".

Ройзани собиқи Эрон дар Индонезия хотирнишон кард: Доктор Ҷалол, шахсияте аст, ки вақте инҳироферо аз яке аз наздикони худ мебинад, ки бо хатти кашидашуда тарсим шудааст, аз сӯи низоми азизи мо созгорӣ надорад ва тазаккуре ба ӯ дода мешавад, бо ҷону дил мепазирад ва иброз медорад, ба хотири “Сайидино Алқоид” (мақоми муаззами раҳбарӣ - оятуллоҳ Хоманаӣ) ҳозирам ҳар кореро анҷом диҳам.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп