Порлумони Фаронса ба қонуни зиддиисломӣ раъй дод
Порлумони Фаронса рӯзи сешанбе қонуни зиддиисломӣ ва мусулмонони ин кишварро тасдиқ кард.
Ба гузориши хабаргузории садо ва симо, намояндагони порлумони Фаронса бо 347 раъйи мувофиқ ва 151 раъйи мухолиф ин қонунро тасвиб карданд. Ин қонун акнун бояд ба маҷлиси сенати ин кишвар ирсол ва тасвиби ниҳоӣ шавад.
Бар асоси ин қонун гурӯҳҳои мазҳабӣ дар Фаронса бояд манобеи кумаки молии худро эълом карда ва ҳисоби банкиашон низ мавриди таъйид қарор гирад.
Якшанбеи ҳафтаи ҷорӣ шаҳрвандони Фаронса алайҳи тарҳе, ки озодиҳои мазҳабӣ дар ин кишварро маҳдуд мекунад, эътироз карданд.
Бар асоси ин тарҳ давлати Фаронса қасд дорад қонуне вазъ кунад, ки ба мӯҷиби он мусулмонони мазнун шинохта шуда ва бархе озодиҳои мазҳабӣ маҳдуд шавад.
Раиси ҷумҳури Фаронса «Эмануел Макрон» муддаӣ шуд, ки тасвиби ин қонун зарурӣ буда, чун ба кумаки он арзишҳои Фаронса назири баробарии ҷинсиятӣ ва секуларизм ҳифз шуда ва аз реша кардани андешаҳои ифротӣ ҷилавгирӣ хоҳад шуд.
Аммо тазоҳуроткунандагони фаронсавӣ дар тазоҳуроти худ таъкид карданд, ки Фаронса пештар низ абзорҳоии қонунӣ дар ин замина доштааст ва қонуни ҷадид танҳо боиси афзоиши маҳдудиятҳо алайҳи мазҳаб шумораи 2 ин кишвар хоҳад шуд.
Давлати Фаронса, дар моҳҳои ахир маҳдудиятҳои густардаеро алайҳи мусулмонон ба иҷро гузоштааст.
Бештар бихонед: