Мевае, ки шуморо аз корона муҳофизат мекунад
Як мутахассиси соҳаи тағзия (диетолог) хӯрдани меваи кивиро ҳамчун як роҳи табиии баланд бардоштани организм аз коронавирус тавсия додааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам, Нурҳон Муҳиддин, мутахассиси диетолог мегӯяд, меваи киви яке аз муҳимтарин моддаҳоест, ки масунияти баданро тақвият медиҳад ва дорои доираи васеи витаминҳо ва минералҳои муҳим мебошад.
Ӯ изофа кард: Киви манбаи аслии витамин С ва саршор аз антиоксидант аст ва ба мубориза бо сармохӯрдагӣ ва низ муқовимат дар муқобили вируси корона кумак мекунад.
Ин мутахассиси диетолог ба нақши киви дар ҳифзи сатҳи фишори хун ва дар натиҷаи коҳиши хатарҳо ва бемориҳои муртабит монанди ҳамалоти қалбӣ ишора кард ва афзуд: Киви бисёр обдор аст аз ин рӯ ба таҳрики гардиши хун ва беҳбуди ҷараёни хун дар рагҳо кумак мекунад.
Бештар бихонед: