Раиси ҷумҳурии собиқи Фаронса ба зиндон маҳкум шуд
Додгоҳе дар Порис раиси ҷумҳурии пешини Фаронсаро ба ҷурми фасоди молӣ ва пардохти ришва ба як сол ҳабси қатъӣ ва ду сол ҳабси таълиқӣ маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории «Форс», Николя Саркози, раиси ҷумҳурии пешини Фаронса, ки аз соли 2007 то 2012 ҳидояти давлати ин кишварро бар ӯҳда дошт, имрӯз (душанбе) бо ҳукми додгоҳе дар Порис ба як соли ҳабси қатъӣ ва ду сол ҳабси таълиқӣ маҳкум шуд.
Саркозии 66 сола ба талош барои касби иттилоот аз як қозии аршад дар хусуси як иқдоми ҳуқуқӣ дар соли 2014, ки вай дар он дахил буда, муттаҳам шудааст.
Саркозӣ ҳамчунин ин моҳ ба ҳамроҳи 13 нафари дигар ба иттиҳоми умури молии ғайриқонунӣ дар корзори интихоботии соли 2012 дар ду додгоҳи дигар ҳозир хоҳад шуд.
Николя Саркозӣ пештар низ ба ҷурми дарёфти пул аз Муаммар Қаззофӣ, президенти эъдомшудаи Либӣ барои таъмини харҷи ситоди интихоботиаш дар соли 2007 боздошт шуда буд.
Бештар бихонед: