Март 06, 2021 10:32 Asia/Dushanbe
  • Ваксинаи Спутник болотар аз Pfizer қарор гирифт
    Ваксинаи Спутник болотар аз Pfizer қарор гирифт

Ваксинаи коронаии “Спутник V”-и Русия бо пешӣ гирифтан аз ваксинаи «Pfizer», аз лиҳози касби таъидия дар кишварҳои мухталиф дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ҳоли ҳозир 45 кишвари ҷаҳон истифода аз ваксинаи русии “Спутник V”-ро мавриди таъйид қарор додаанд. Ваксинаи “AstraZeneca”, ки мавриди таъйиди 49 кишвари ҷаҳон қарор гирифта дар ҷойгоҳи нахуст қарор дорад.

Бар асоси ин гузориш, ваксинаи Pfizer мавриди таъйиди 43 кишвар қарор дошта ва ваксинаи "Moderna" низ тавассути 19 кишвари ҷаҳон таъйид шудааст.

Пеш аз ин Денис Логунов, муовини Маркази «Гамалеи», ки тавлидкунандаи ваксинаи “Спутник” аст, гуфт: «мутолиаи ахире, ки тавассути Маркази «Гамалеи» дар Русия анҷом шуда, нишон медиҳад, ки ваксинатсияи муҷаддад бо ваксини “Спутник V” дар баробари ҷаҳишҳои ҷадиди вируси корона, аз ҷумла гунаҳои англисӣ ва Африқои Ҷанубӣ, бисёр хуб амал кардааст».

 БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп