Март 14, 2021 11:37 Asia/Dushanbe
  • Дар ин меҳмонхона муштариён метавонанд дар тамоми соъатҳои шабонарӯз хирсҳои қутбиро тамошо кунанд
    Дар ин меҳмонхона муштариён метавонанд дар тамоми соъатҳои шабонарӯз хирсҳои қутбиро тамошо кунанд

Меҳмонхонае дар вилояти Хэйлунцзяни Чин, ки худро нахустин меҳмонхонаи « хирси қутбӣ »-и ҷаҳон меномад, аз рӯзи ҷумъа утоқҳои худро барои супориш кардан(резерв) дар ихтиёри алоқамандону муштариён қарор додааст.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин меҳмонхона ба муштариён имкон дода мешавад дар тамомии соъоти шабонарӯз ва аз тамомии 21 утоқи он хирсҳои қутбиро тамошо ва бо онҳо иртиботи наздике барқарор кунанд .

 Ин хирсҳо даруни меҳмонхона зиндагӣ мекунанд ва ин иқдом илова бар ҷалби тавваҷуҳи густардаи мусофирон, интиқоди ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонотро низ ба ҳамроҳ доштааст.

 Мақомоти меҳмонхона таъкид мекунанд, ки хирсҳо метавонанд дар айёме ки шароити обу ҳавоӣ иҷоза медиҳад, аз меҳмонхона хориҷ шаванд.

   Аммо ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот мегуянд хирсҳои қутбӣ набояд дар фазоҳои сарбаста нигаҳдорӣ шаванд, зеро онҳо ба табиат таъаллуқ доранд ва рӯзонаи 18 соъатро дар фаъолият сипарӣ мекунанд .

Маблағи супориши утоқ дар ин меҳмонхона барои ҳар шаб 290 то 350 доллар аст.

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп