Октябр 20, 2016 16:26 Asia/Dushanbe
  • Пештозии Ҳиллари Клинтон дар назарсанҷии охирин мунозираи интихоботӣ

Бар асоси натоиҷи назарсанҷӣ дар мавриди охирин мунозираи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, номзади Ҳизби демократ пештоз аст.

Ба гузориши ИРНА, назарсанҷии муштараки шабакаи телевизионии Си Эн Эн ва муассисаи назарсанҷи ORC, ки бомдоди рӯзи панҷшанбе, билофосила баъд аз поёни саввумин ва охирин мунозираи Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва Доналд Трамп, рақиби ҷумҳурихоҳи вай мунташир шуд, номзади демократро барандаи ин мунозира муаррифӣ кард.

Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, Ҳиллари Клинтон бо 52 дарсади оро барандаи ин мунозира шуд, дар ҳоле ки Доналд Трамп дар ин назарсанҷӣ 39 дарсади ороро ба даст овард.

Ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, Трамп бо 60 дарсади оро, номзаде буда, ки бештарин ҳамларо ба рақиби худ доштааст, дар ҳоле ки дар ин маврид Ҳиллари Клинтон танҳо 23 дарсадро ба худ ихтисос додааст.

Ҳиллари Клинтон дар ду мунозираи қаблии Си Эн Эн ҳам барандаи ин рақобатҳо эълом шуда буд.

Саввумин ва охирин мунозираи ду номзади демократ ва ҷумҳурихоҳ бомдоди рӯзи панҷшанбе дар Донишгоҳи Невадаи Лас Вегас баргузор шуд.

Дар ин мунозира Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трамп ба шиддат аз мавозеи якдигар интиқод карданд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико се ҳафтаи дигар, ҳаштуми ноябри соли 2016 баргузор мешавад.