Ваксинатсияи 11 миллион нафар дар Туркия
(last modified Mon, 15 Mar 2021 09:11:35 GMT )
Март 15, 2021 14:11 Asia/Dushanbe
  • Омори ибтило ба вируси корона дар Туркия бори дигар боло меравад
    Омори ибтило ба вируси корона дар Туркия бори дигар боло меравад

Вазири тандурустии Туркия эълом кард, токунун 11 миллион нафар дар туркия ваксинаи зидди корона дарёфт кардаанд.

 Ба гузориши хабаргузории Тасним, вазири тандурустии Туркия «Фахриддин Коҷа» гуфт: Дар панҷоҳу панҷумин рӯзи ваксинатсияи умумӣ дар ин кишвар 7 миллиону 896 ҳазор нафар ваксина ва 3 миллиону 153 ҳазор нафар низ дозаи дувуми ваксинаро дарёфт кардаанд. 

Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти Туркия теъдоди мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар 2 миллиону 879 ҳазору 390 нафар ва ҷонбохтгон ҳам ба 29 ҳазору 489 нафар расидааст. 

Омори ибтило ба вируси корона дар Туркия дар рӯзҳои ахир бори дигар раванди суъудӣ ба худ гирифтааст.

 

Бештар бихонед: