Тӯфони рег осмони Пекинро норинҷӣ кард
Март 15, 2021 14:58 Asia/Dushanbe
Тӯфони рег ва ифлосшавии ҳаво имрӯз (душанбе) осмони Пекинро норинҷӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, пас аз изофаи тӯфонҳои регӣ ба ифлосшавии ҳаво дар Пекин, пойтахти Чин, осмони ин шаҳр ранги норинҷӣ гирифт ва дар бораи зардии ифлосшавии ҳаво ҳушдор дода шуд.
Имрӯз, мардуми Пекин фаъолияти худро оғоз карданд, ки шохисҳои кайфияти ҳаво рутбаи хатарноки 999 -ро сабт карданд.
Дар айни замон, шохиси сифати ҳаво дар Пекин ҳадди аксар ба 500 расидааст ва дар баъзе минтақаҳо миқдори зарраҳои муаллақ бо диаметри 10 микрон ва ё камтар аз он, ки ба шуш ворид шуда метавонад, аз 8000 микрограмм дар як метри мукааб гузаштааст.
Бештар бихонед:
Барчасп