Октябр 20, 2016 17:33 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъгириҳои Клинтон ва Трамп дар охирин мунозираи интихоботӣ

Номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, дар охирин мунозираи интихоботӣ ба шиддат аз мавозеи якдигар интиқод карданд.

Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико бомдоди рӯзи панҷшанбе дар охирин мунозираи интихоботӣ бо Доналд Трамп, рақиби ҷумҳурихоҳи худ дар Донишгоҳ Невадаи Лас Вегас, воқеъ дар иёлати Невада гуфт, Русия дар ҳоли ҷосусӣ аз Амрико ва эъмоли нуфуз дар интихобот буда ва Трамп аз ин масъала ҳимоят ва онро ташвиқ кардааст.

Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико низ дар ин мунозира гуфт, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бар хилофи Кохи Сафед, дар сиёсатҳои минтақаии худ, аз ҷумла дар Сурия муваффақ амал кардааст.

Клинтон ҳамчунин гуфт, ба Трамп эътимоде надорад ва набояд кодҳои ҳастаӣ, ки дар ихтиёри раиси ҷумҳурии Амрико аст, ба Трамп дода шавад.

Доналд Трамп дар идомаи ин мунозира Ҳиллари Клинтонро ба иллати нобудии ҳазорон почтаи электронӣ муҷрим донист ва гуфт, Клинтон 33 ҳазор эмейлро нобуд кард ва садҳо бор ба мардум, Конгресс ва полиси федерали Амрико "Эф Би Ай" дурӯғ гуфтааст ва ӯ бояд дар зиндон бошад.

Трамп бори дигар бо такрори тақаллуб дар интихоботи Амрико таъкид кард, дар интихоботи Амрико тақаллуб шудааст, зеро Клинтон ба иллати ҷурмҳои муҳиме, ки муртакиб шуда ва набояд ба вай иҷозаи номзадӣ дар интихобот дода мешуд.

Трамп ҳамчунин дар ин мунозира Ҳиллари Клинтонро ба гирифтани пул аз Арабистон ва Қатар ва дигар кишварҳо муттаҳам кард.

Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико таъкид кард, Ҳиллари Клинтон дар шароите аз ҳуқуқи занон сӯҳбат мекунад, ки аз Арабистон пул мегирад, ки рафтори ваҳшатноке бо занон дорад.

Доналд Трамп ҳамчунин дар посух ба иттиҳоми матраҳшуда алайҳи ӯ мабнӣ бар озори занон муддаӣ шуд, кори иштибоҳе накарда ва ин мавзӯъ сохтаи ситод интихоботии Клинтон  аст.

 Ба гуфтаи номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, Амрико бояд дар тавофуқномаҳои дифоӣ дубора музокира кунад ва набояд ҳазинаҳои дифоии Арабистон, Ҷопон ва Олмонро бипардозад.

Ҳилларӣ Клинтон дар бахши дигаре аз ин мунозира дар бораи қонуни ҳамли силоҳ дар кишвараш гуфт, солона 33 ҳазор нафар ба далели ҳамли силоҳ дар Амрико кушта мешаванд.

Вай тасреҳ кард, бояд собиқаи афрод дар бораи доштани силоҳ, бозбинӣ ва ислоҳот сурат гирад.

Номзади Ҳизби демократ ҳамчунин дар мавриди муҳоҷирони Мексика низ гуфт, коре, ки Трамп зидди муҳоҷирон мехоҳад анҷом диҳад, ниёз ба шумори зиёди неруҳои полис дорад то 15 миллион нафар, ки бидуни мадрак иқомат дорандро шиносоӣ ва онҳоро аз кишвар ихроҷ кунанд.

Ҳиллари Клинтон ҳамчунин тарҳи иқтисодии Трамп барои коҳиши молиёти ширкатҳои бузургро мунҷар ба ҳазфи се миллиону 500 ҳазор фурсати шуғлӣ донист, ки Амрикоро ба рукуд мекашонад.

Дар идомаи ин мунозира Трамп дар посух ба иттиҳомҳои Клинтон, мабнӣ бар пардохт накардани молиёт, хитоб ба номзади демократҳо гуфт, ҳомиёни молии Клинтон низ дар Вол-стрит молиёт пардохт накардаанд ва Ҳиллари Клинтон замоне, ки дар Маҷлиси Сано буд, барои ислоҳи ин қонун иқдоме накард.

Доналд Трамп дар бораи вазъияти шаҳри Ҳалаби Сурия низ гуфт, вазъияти Ҳалаби Сурия бархоста аз тасмимоти иштибоҳи Ҳиллари Клинтон будааст.

Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳамчунин тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро ба зиёни Амрико донист.

Мунозираи бомдод панҷшанбе, саввумин мунозираи Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трамп буд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико 8-уми ноябри соли 2016 баргузор хоҳад шуд.