Маскав: ба ҳаргуна иқдоми таҳрикомез алайҳи Қрим посух медиҳем
Сухангӯи Кремл аз вокуниши Маскав ба ҳар гуна иқдомоти таҳрикомези Ғарб алайҳи Қрим дар остонаи солрӯзи иттиҳоди Қрим ва Русия хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, Дмитрий Песков бо таъкид бар дастрасии дастгоҳҳои амниятии Русия ба ҳаргуна иттилоот дар бораи иқдомоти таҳрикомез дар солрӯзи иттиҳоди Қрим бо Русия гуфт, Маскав посухе муносиб ба ҳаргуна иқдоми таҳрикомез ва барномарези шудаи Ғарб алайҳи шибҳи ҷазира Қрим медиҳад.
Вазорати дифои Русия дар муҳофизат аз Қрим ахиран аз иҷрои як тамрини низомӣ бо мушорикати нерӯҳои ҳавобурд ва чатрбоз дар ин шибҳи ҷазира хабар дод.
Сергей Сапаркин дар бахши мухобиротӣ ва радарии Русия ҳам аз насби ҷадидтарин истгоҳи радарии ин кишвар дар Қрим ба унвони бахше аз сомонаи ҳушдори сареъи ҳамлаи мушакии Маскав хабар дод.
Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико ахиран дар баёнияе бо ишора ба илҳоқи шибҳи ҷазира Қрим гуфт, Амрико ҳаргиз таҳоҷуми Русия ба Украинро намепазирад.
Бо ин ҳол мақомоти Русия борҳо эълом кардаанд, ки мардуми Қрим мутобиқи қавонини байналмилалӣ ва маншури Созмони Милали Муттаҳид ба иттиҳоди муҷаддад бо Русия раъй мусбат додаанд.
Мардуми шибҳи ҷазираи Қрим, дар соли 2014 бо ширкат дар ҳамапурсӣ ба илҳоқи ин минтақа ба Русия ва ҷудоӣ аз Украина раъйи мусбат доданд.
Аммо Украина ва ҳомиёни ғарбии ин кишвар илҳоқро ғайриқонӯнӣ хонда ва Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар ҳамин иртибот таҳримҳое зидди Маскав вазъ кардаанд.
Бештар бихонед:
- Лавров: таҳримҳои Ғарб зидди Русия бепосух нахоҳад монд
- Путин: равобити бади Русия ва Украина рабте ба Қрим надорад
- Путин: аз ин бадтар намешавад