Март 17, 2021 20:40 Asia/Dushanbe
  • Ин узви ДИИШ қасд доштааст бомбаеро дар як маркази тиҷорӣ дар ҷумҳурии Адигея битарконад
    Ин узви ДИИШ қасд доштааст бомбаеро дар як маркази тиҷорӣ дар ҷумҳурии Адигея битарконад

Ҳамлаи террористии гурӯҳи ДИИШ дар минтақаи Қафқози Шимолӣ, дар ҷануби Русия хунсо ва як террористи узви ин гурӯҳ боздошт шуд.

Ба гузориши ИРНА, Созмони амнияти федерали Русия рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард: Ин узви ДИИШ пас аз боздошт дар бозҷӯиҳо эътироф кардааст, ки қасд доштааст ба интиқоми нақши Русия дар куштани нерӯҳои ДИИШ, бомбаеро дар як маркази тиҷорӣ дар ҷумҳурии Адигея (дар минтақаи Қафқоз, дар ҷануби Русия) мунфаҷир кунад.

Аз ин фард, ки мадорики ҳувиятии сохта ба ҳамроҳ дошт, васоилу маводи лозим барои сохтани бомба, намоди гурӯҳи ДИИШ ва нақшае аз шаҳри Майкоп, пойтахти ҷумҳурии Адигея бо аломатгузорӣ дар чанд нуқта барои амалиёти террористӣ ба даст омадааст.

Дар солҳои ахир дар Русия даҳҳо узв ва ҳаводори гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт ё кушта шуданд, ки бархе аз онон бо саркардаи террористҳо дар Ироқ ва Сурия иртиботи мустақим доштанд ва аз онҳо барои иҷрои амалиёти  террористӣ дар Русия дастур мегирифтанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп