Лавров : Хурӯҷ аз Барҷом исботи нотавонии Амрико дар музокира аст
Вазири умӯри хориҷаи Русия таъкид кард, ки хурӯҷи якҷонибаи Вашингтон аз Барҷом исботи нотавонии ин кишвар дар расидан ба тавофуқ бо кишварҳои дигар ва поймолсозии қонунҳои байналмилалӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сергей Лавров гуфт : Вақте Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эрон хориҷ шуд, на танҳо амал ба таъаҳҳудоташро мутаваққиф кард, балки тамоми кишварҳои дигарро аз амал ба қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони миллал манъ кард ва ин нақзи ошкори қонунҳои байналмиллалӣ ва намоиши нотавонии комили ин кишвар дар музокира аст .
Вазири умӯри хориҷаи Русия ҳамчунин бо таъкид бар лузӯми ташкили як эътилофи густарда барои муқобила бо таҳримҳои якҷониба афзуд : Ҳар гуна тарҳе, ки алайҳи абзори ғайриқонунии таҳримҳои якҷониба бошад, шоистаи ҳимоят аст . Сергей Лавров бо интиқод аз хурӯҷи якҷонибаи Иёлоти муттаҳида аз Барҷом ибрози умедворӣ кард, ки Вашингтон ба қасди худ барои бозгашт ба Барҷом пойбанд бошад .
Вашингтон дар соли 2018 дар давраи раёсати ҷумҳӯрии Доналд Трамп ба сурати якҷониба аз Барҷом хориҷ шуд, аммо Ҷо Байден-ҷонишини ӯ ба бозгардондани Иёлоти муттаҳида ба ин тавофуқ ибрози тамоюл кардааст . Бо ин ҳол то кунун ҳеч иқдоми амалӣ аз ҷониби давлати Байден барои бозгашт ба Барҷом сурат нагирифтааст.
Бештар бихонед :
-
Лавров: Амрико таклифи худро дар мавриди БарҶом зудтар мушаххас кунад
-
Эрон пас аз лағви таҳримҳо ба тааҳҳудоташ дар БарҶом боз мегардад