Мақоми амрикоӣ: Эрон ба дунболи сохти силоҳи ҳастаӣ нест
Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед бо эътироф ба талош накардани Эрон барои сохти бомбаи ҳастаӣ, муддаӣ шуд, ки пас аз даргирии ахири Теҳрону Тел-Авив, Эрон мавозеи ҷадиде дар ин замина иттихоз кардааст.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, хабаргузории Ассошейтед Пресс имрӯз ба нақл аз Ҷек Салливан навишт: “Ман тасмиме аз сӯи Эрон барои ҳаракат ба самти сохти силоҳи ҳастаӣ надидаам”.
Салливан дар Маҷмаи амниятӣ ба хабарнигорон гуфт, агар онҳо шуруъ ба ҳаракат дар ин масир кунанд, як мушкили ҷиддӣ бо Амрико пайдо хоҳанд кард.
Вай муддаӣ шуд, ки Амрико аз замони ҳамалоти мутақобили Эрону Исроил мутаваҷҷеҳи афзоиши изҳори назарҳои ошкори мақомоти эронӣ дар мавриди эҳтимоли сохти силоҳи ҳастаӣ шудааст.
Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфт, ин суханон ҷадид буду тавваҷуҳи моро ба худ ҷалб кард.
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико низ дар ин нишасти амниятӣ гуфт, ки Вашингтон барои масъалаи ҳастаии Эрон роҳи ҳалли дипломатиро тарҷеҳ медиҳад.